Теъдоди ҷонбохтагон аз COVID-19 дар Эрон аз 24 ҳазор гузашт

© REUTERS \ WANA (West Asia News Agency) / Ali Khara Сотрудник скорой медицинской помощи дезинфицируется в Тегеране, Иран
 Сотрудник скорой медицинской помощи дезинфицируется в Тегеране, Иран - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи шанбе гуфт, теъдоди ҷонбохтагон аз бемории COVID-19 дар ин кишвар аз 24 ҳазор нафар гузашт

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Симо  Содоти Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, изҳор дошт, ки бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ дар 24 соати гузашта  2 ҳазору 845 бемори ҷадиди COVID-19  дар Эрон шиносоӣ шуд, хабар дод радиои тоҷикии Садоии Хуросон.

Всемирный банк, офис в Вашингтоне - Sputnik Тоҷикистон
Зарари бесобиқаи коронавирус ба иқтисоди ҷаҳон: 5 сол барои барқароршавӣ лозим

Ба иттилои манбаъ, маҷмӯи беморони COVID-19 дар Эрон ба 419 ҳазору 43 нафар расидааст.

“Аз ин теъдод то кунун 357 ҳазору 632 нафар беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Лорӣ афзудааст, ки муттаассифона дар 24 соати гузашта  166 нафар аз беморони COVID-19  ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 24 ҳазору 118 нафари расид.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 30 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод  956 ҳазор нафар  ҷони худро аз даст дода ва беш аз 22 миллион нафар  ҳам беҳбуд ёфтаанд.

Лентаи хабарҳо
0