03:03 20 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.18
  • RUB0.13
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
923 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, COVID-19, ки дар ибтидо ҳамчун буҳрони соҳаи тандурустӣ сар зада буд, тадриҷан боиси буҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ ва молиявии ҷаҳонӣ гардид

ДУШАНБЕ, 23 сен – Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ҷаласаи СММ гуфт, талошҳои кишварҳоро ҷиҳати ихтирои ваксинаи зидди коронавируси нав бо хушнудӣ қабул дорад.

“Изҳори умед менамоем, ки он барои ҳамаи кишварҳо дастрас хоҳад гардид ва дар оянда ҷонибҳои истеҳсолкунандаи ваксина ҷиҳати дар шакли кумаки гуманитарӣ бо як миқдори он таъмин намудани табақаҳои осебпазири кишварҳои дигар, алалхусус кӯдакону занон ва пиронсолон, иқдом хоҳанд кард”, - изҳор дошт раисиҷумҳур.

Ӯ афзуд, ҳамагирии COVID-19 ба Тоҷикистон низ таъсири ҷиддӣ расонида, боиси нигаронии мо гаштааст.

“Ҳамагирии коронавирус ба паст рафтани нишондиҳандаҳои тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла фаъолияти сармоягузорӣ, ба шумули сармоягузории мустақими хориҷӣ, тиҷорати дохиливу хориҷӣ, сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, бахусус, нақлиёт боис гаштааст. Тоҷикистон кишвари кӯҳӣ ва маҳсур бо хушкӣ буда, захираҳои кофии нафту газ надорад”, - гуфт Раҳмон.

Раҳмон гуфт, Тоҷикистон дар чӣ ва чанд фоиз аз хориҷа вобаста аст

Раисиҷумҳур таъкид намуд, ки Тоҷикистон то 100 фоиз аз воридоти маводи сӯзишворӣ, ҳамчунин, дигар намудҳои молу маҳсулот, аз ҷумла озуқаворӣ ва доруворӣ, дар ҳудуди мутобиқан 80 ва 90 фоиз вобастагии ҷиддӣ дорад.

Раҳмон зарари иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон беш аз 2 миллиард доллар, муодили беш аз 20 миллиард сомонӣ гуфта, таъкид намуд, ки дар оянда метавонад бештар шавад.

"Мувофиқи арзёбии пешакӣ, бинобар таъсири манфии омилҳои иқтисодии берунаи бавуҷудомада, соли равон зарари умумӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон метавонад зиёда аз 2 миллиард долларро ташкил дода, дар оянда ҳам афзоиш ёбад", - гуфт раисиҷумҳур.

Амалиёти пулиси тоҷик дар Африқо ва пешбарии Тоҷикистон ба узвият дар Шӯрои амнияти СММ

Ба гуфтаи Раҳмон, Ҳукумати Тоҷикистон имрӯзҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар баробари пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятӣ, ҷиҳати таъмин намудани фаъолияти босуботи тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар чораҳои зарурӣ андешад.

Барчаспҳо:
зарар, зарардидаҳо, беморӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ