20:01 27 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (857)
1679 0 0

Ӯзбекистон аз нахустин кишварҳоест, ки "Авифавир" дору алайҳи маризии коронавирусро аз Русия дастрас намуд

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Дар дорухонаҳои кишвари Ӯзбекистон доруи "Авифавир" роҳ ёфт ва он тибқи дорухати табибон ба эҳтиёҷмандон фурӯхта мешавад.

Ӯзбекистон акнун аз нахустин кишварҳоест, ки ба ин дору дастрасӣ пайдо кард.

"Авифавир" дар Русия истеҳсол шуда, онро мутахассисони рус дар мубориза алайҳи маризии коронавирус муассир медонанд.

Маводи доруворӣ бо тамғаи иҷоратии "Авифавир" аз ҷониби Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) ва гурӯҳи ширкатҳои "Химрар" таҳия карда шуд.

“Авифавир”: нахустин доруи зидди COVID-19 дар Русия аз сӯи Вазорати тандурустӣ тасдиқ шуд

Гуфта мешавад, "Авифавир" нахустин доруи мустақими вирусии сохти Русия аст, ки дар озмоишҳои клиникӣ самараи худро нишон додааст.

Дору ба паҳншавии коронавирус дар тамоми бадани инсон халал мерасонад.

Қаблан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфта буд, ки бидуни ваксина пандемияро комилан мағлуб кардан, имкон надорад.

" "Авифавир" на танҳо доруи антивирусӣ алайҳи коронавирус дар Русия ба қайд гирифта шудааст, балки мумкин аст, умедворкунандатарин доруи зидди COVID-19 дар ҷаҳон бошад",- гуфта буд директори генералии Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) Кирилл Дмитриев.

Бояд гуфт, ки доруи мазкур дар бозори Русия моҳи июн пайдо шуд. Ба гуфтаи табибон, бо истифода аз ин дору, табобати сирояти коронавирус на зиёда аз як ҳафта тӯл мекашад.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (857)
Барчаспҳо:
маризӣ, дору, Ӯзбекистон

Мавзӯъҳои асосӣ