00:16 01 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (821)
336010

Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, бидуни пиёда кардани чораҳои фаврии пешгирикунанда аз коронавирус, шумораи фавти одамон метавонад то ба 2 миллион нафар расад

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Ҳукуматҳои тамоми ҷаҳон бояд ба ҷорӣ кардани қарантини шадид омода бошанд, то аз афзоиши шумори фавти одамон аз маризии коронавирус ҷилавгирӣ кунанд, хабар медиҳад ВВС бо истинод ба маълумоти раҳбари барномаи фавқулода дар соҳаи тандурустии СҶБ Майк Райан.

Манбаъ аз қавли Райан менависад, ба эҳтимоли зиёд, агар чораҳои фаврӣ андешида нашаванд, шумораи қурбониёни ин беморӣ ба зудӣ ба ду миллион нафар хоҳад расид.

Беш аз 3 ҳазор эронӣ дар як рӯз ба коронавирус гирифтор шуданд: 175 кас ҷон бохт

Райан бар ин бовар аст, ки агар ваксинаи муассир пайдо шавад ҳам, он  пеши роҳи фавти барзиёди одамон аз коронавирусро гирифта наметавонад.

"Агар мо тамоми қувваамонро ба кор набарем, эҳтимол фавти одамон то 2 миллион афзоиш ёбад", - изҳор доштааст Майк Райан.

Тибқи маълумоти охирини Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, дар ҷаҳон шумораи мубталоёни маризии коронавирус ба  32,7 миллион нафар расидааст.

Ҳамчунин аз ин маризӣ 993 ҳазор нафар фавтида, 22,6 миллион нафар шифо ёфтанд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (821)
Барчаспҳо:
марги одамон, ҷаҳон, маризӣ, СҶБ

Мавзӯъҳои асосӣ