07:57 28 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (813)
225 0 0

Чин мегӯяд то соли 2021 зиёда аз 1 миллиард воя истеҳсол мекунад ва ҳамаи шаҳрвандонашро марҳила ба марҳила эм мекунад

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Чин то охири соли 2020 610 миллион вояи ваксинаи зидди  коронавирус ва соли 2021 зиёда аз 1 миллиард воя истеҳсол хоҳад кард, хабар медиҳад Казинформ бо такя ба маълумоти директори Маркази рушди илми тиб ва технологияҳои Комиссияи давлатии тандурустии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжэн Чжунвэй.

"Иқтидори Чин ҷиҳати истеҳсоли  ваксинаҳои зидди коронавирус то охири соли 2020 610 миллион ва соли 2021 беш аз 1 миллиард воя арзёбӣ мешавад",- иброз намуд Чжен Чжунвэй.

Ҳамзамон ин масъули соҳаи тиб зикр кард, ки эм намудани аҳолӣ бо ваксина марҳила ба марҳила сурат мегирад ва дар қадами аввал, одамоне, ки хатари баландтари сироятёбӣ аз коронавирус доранд, хусусусан кормандони тиббии "дар хатти пеш" буда ва намояндагони гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ (аз ҷумла, пиронсолон, занҳои ҳомиладор ва кӯдакон) афзалият хоҳанд дошт.

61 фавт ва беш аз 8 ҳазор гирифтори ҷадид: омори коронавирус дар Русия

Ба гуфтаи Тсзэн Гуан, сухангӯи Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои Чин, ваксинаҳои зидди коронавируси чинӣ метавонанд системаи эминии инсонро дар муддати нисбатан тӯлонитар ҳифз кунанд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (813)

Мавзӯъҳои асосӣ