17:53 31 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
508 0 0

Тибқи гуфтаи академики Академияи илмҳои Русия Геннадий Онишенко, дар эпидемиология мавҷҳо вуҷуд надорад, аммо раванди эпидемия ва сатҳи беморӣ мавҷуд аст

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Дар эпидемиология чунин фаҳмише мисли мавҷ нест, мегӯяд эпидемиолог, академики Академияи илмҳои Русия, муовини якуми раиси Кумитаи Думаи давлатии ФР оид ба маориф ва илм Геннадий Онишенко.

“Ман коршиноси баҳрнавардӣ нестам, аз ин рӯ мавҷҳоро намефаҳмам. Дар эпидемиология чунин фаҳмише мисли мавҷ нест, аммо раванди эпидемия ва сатҳи беморӣ вуҷуд дорад. Ба ҳамаи мо лозим аст, ки вазъро ҳушёрона баррасӣ кунем ва ба тадбирҳои муқарраршуда муносибати масъулиятшиносӣ кунем.  Воситаҳои муҳофизатии шахсӣ ва гигиенаро риоя карда, дар сурати пайдо шудани аломатҳо аз қабили- таб, сулфа ва дигар нишонаҳо, саривақт ба духтур муроҷиат кунем”- гуфт Онишенко.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳар оила намояндагони насли калонсол ҳастанд, ки ба хотири онҳо чораҳои бехатарӣ андешида мешаванд.

"Муносибат ба одамони гурӯҳи хавф хеле муҳим аст. Ва албатта, ҳама бояд эм кунанд - пеш аз ҳама, ваксинаи зукомро гирифт ва вақте ки истеҳсоли ниҳоӣ ба роҳ монда мешавад ва ҳамаи озмоишҳои ваксинаи коронавирус ба итмом мерасад, онро низ бояд дастрас кард", - гуфт эпидемиолог.

Пешгирӣ аз мавҷи дуюм: КҲФ барои пешгирӣ аз COVID - 19 дар Душанбе овезаҳо насб кард

Вай ба одамони калонсол маслиҳат дод, ки бар зидди сирояти пневмококк эм карда шаванд, алахусус онҳое, ки гирифтори бемориҳои зуд-зуди роҳҳои нафас ҳастанд.

Мавзӯъҳои асосӣ