16:35 23 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
111 0 0

Ҳамлагари бошгоҳи “Ливерпул”-и Англя ва мунтахаби Синегал Садио Мане гирифтори коронавирус шудааст

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Дар ин бора сомонаи бошгоҳи “Ливерпул”хабар дода, гуфтааст, бозигар бар асоси тавсияи табибон ба худҷудоӣ фиристода шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷисми варзишгар нишонаҳои ин беморӣ пайдо шуда, аммо дар умум саломатияш хуб мебошад.

Ҳамлагар пас аз ташхиси мусбаташ аз коронавирус, дар бораи вазъи саломатии худ дар сафҳаи инстаграммааш навиштааст..

“Натиҷаи ташхиси ман барои коронавирус мусбат буд, аммо ман худро хуб ҳис мекунам, нишонаҳои шадид нестанд. Ман фавран ба карантин рафтам ва раванди барқароркуниро оғоз кардам”,- навиштааст ситораи  “Ливерпул”

Ҳамзамон бозигари 28-сола ҳамаро даъват кардааст, ки қоидаҳоро риоя кунанд ва аз мавҷи дуввуми пандемия ҷилавгирӣ кунанд

“Боварӣ ҳосил кунед, ки шумо бехатар ҳастед ва барои муҳофизати худ ва наздиконатон ҳамаи қоидаҳоро риоя кунед. Мо бояд аз мавҷи дуввуми коронавирус дар саросари ҷаҳон пешгирӣ кунем. Ман бармегардам, қавитар аз пештара! Мо инро якҷоя бартараф хоҳем кард”, - хулоса кард Мане.

Ёдовар мешавем, ки Мане дар бозии охирини "Ливерпул", ки дар он дастпарварони Юрген Клопп дар ҷоми Англия аз Арсенал тариқи зарбаҳои пеналтӣ шикаст хӯрданд, ширкат накард.

Садио дар мавсими имсола дар Чемпионати Англя се бозӣ гузаронида, се гол задааст.

Қабл аз Мане бозигари дигари даста Тиаго Алкантара низ аз ин беморӣ сироят ёфта буд. 

Мавзӯъҳои асосӣ