Охирин омори гирифторони COVID-19 дар Эрон

© Sputnik / Soheil GhanbarzadehМужчина во время поездки в метро в Тегеране
Мужчина во время поездки в метро в Тегеране - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз се ҳазор бемори ҷадиди COVID-19 дар 24 соати гузашта хабар дод

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, рӯзи шанбе дар бораи охирин омори беморони COVID-19 дар ҷумҳурӣ хабар дод.

Экс-президент Украины, лидер партии Европейская солидарность Петр Порошенко - Sputnik Тоҷикистон
Порошенко ва духтараш мубталои коронавирус шуданд: собиқ кишвардорро ба бемористон бурданд

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон, Лорӣ гуфт, дар 24 соати гузашта се ҳазору 523 бемори ҷадиди COVID-19 дар Эрон шиносоӣ шуд.

Манбаъ афзуд, ки аз ин теъдод  як ҳазору 401 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзшон ироа шуд.

“Маҷмӯи беморони COVID-19 дар Эрон ба 468 ҳазору 119 нафар расидааст, ки то кунун 387 ҳазору 675 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Лорӣ илова намудааст, ки муттаассифона дар 24 соати гузашта  179 нафар аз беморони COVID-19 ҷони худро аз даст доданду маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 26 ҳазору 746 нафар расидааст

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 35 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дасти кам  як миллион нафар ҷони худро аз даст дода ва беш аз 26 миллион нафар  ҳам беҳбуд ёфтаанд.

Лентаи хабарҳо
0