05:03 28 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1177 0 0

Вазорати тандурустии кишвар эълон кард, ки шабонарӯзи гузашта боз як нафар бар асари вируси корона даргузашт, ҳамин тавр шумори умумии ҷонбохтагон ба 78 нафар расид

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Вазорати тандурустӣ омори тоза оид ба вазъи вируси корона дар Тоҷикистонро нашр кард.

Бино бар иттилои Вазорати тандурустӣ дар як шабонарӯзи охир 63 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 42 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Инчунин, ба иттилои манбаъ шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 40 ҳодисаи нави бемории COVID-19 сабт шудааст

Дар ҳамин ҳол, шумораи умумии гирифторони ин беморӣ ба  9935 нафар баробар гардидааст.

Ҳамзамон гуфта шудааст, ки то санаи  4 октябр дар мамлакат  8749  (88,0%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 78  нафар фавтидаанд.

Мақомоти Тоҷикистон қайд намудааст, ки ҳукумати Тоҷикистон айни замон барои пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Барчаспҳо:
тасдиқ, Вазорати тандурустӣ, вирус, даргузашт, марг, вируси корона, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ