07:49 23 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (803)
167 0 0

Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави сироят, фавт ва шифоёбӣ аз маризии коронавирусро нашр кард

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 3 боз як маризи дигар аз коронавирус ҷон бохт ва теъдоди умумии қурбониёни ин дард ба 80 нафар баробар шуд.

Ба иттилои котиботи Вазорати тандурустӣ, шабонарӯзи гузашта ҳамчунин 38 мавриди нави гирифторшавии сокинон ба ин вирус сабт гардид.

Манбаъ меафзояд, аз 30 апрел то 15 октябр теъдоди умумии гирифторони коронавирус  ба 10374 нафар расид.

Зимнан, то имрӯз дар мамлакат  9317  ё худ 89,8%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфтанд.

Рӯ ба коҳиш ниҳод: омори тозаи сироят ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (803)
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ