07:13 28 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
61 0 0

Дар вилояти Хатлон то ҳол 57 бунгоҳи тиббӣ ва марказҳои саломатӣ дар хонаҳои шахсӣ, мактабу масҷид, бошишгоҳу дигар макон ҷойгир буда, барои қабули беморон ҷавобгӯ нестанд

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik.  Муовини  сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Ҷурабой Саидов қайд кардааст, ки ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 57 муассисаи тиббӣ дар масҷид, хирман, хонаҳои шахсӣ, вагон, мактаб, бошишгоҳҳои саҳроӣ ва дигар ҷой гирифтааанд, ки инҳо 3 маркази саломатӣ ва 54 бунгоҳи тиббӣ мебошанд, иттилоъ додааст сомонаи рӯзномаи “Фараж”.

Бино бар иттилои манбаъ, чунин муасссисаҳо бештар дар ноҳияҳои Муъминобод - 10 адад, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ - 8, Балҷувон  - 6, Қубодиён - 6, Панҷ - 5, Кӯшониён - 5, Кӯлоб - 4, Ҷалолиддини Балхӣ - 3 Ховалинг - 2, Дӯстӣ - 2 ва ноҳияи Восеъ - 3-ададӣ мебошанд.

Ҷурабой Саидов таъкид доштааст, ки мардум имрӯз аз ноилоҷӣ аз ҳамин бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ истифода мебаранд, ки онҳо ба сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ҷавобгӣ нестанд.

Дар ҳамин ҳол, муовини  сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон қайд кард, ки бояд ин бунгоҳу марказҳо то соли 2021 пурра бо биноҳои нав дар ҷойҳои мувофиқ таъмин гарданд.

Барчаспҳо:
беморон, масҷид, Маркази саломатӣ, Хатлон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ