15:03 31 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
54 0 0

Барои пешгирии бемории сироятии вируси корона дар беморхонаи килиникии вилояти Хатлон ба номи Бурӣ Воҳидови шаҳри Бохтар тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Масъулини ин беморхона таъкид доштанд, ки ба қадри зарури маводҳои доруворӣ, либосҳои муҳофизатӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ захира карда шудааст.

Сартабиби ин беморхона Шамсуло Олимзода, дар суҳбат бо рӯзномаи  “Фараж” қайд кардааст, ки дар ҳоли ҳозир дар дохили беморхона сохтмони маркази переналӣ бо маблағгузории давлати Олмон идома дорад, ки моҳҳои наздик бояд ба истифода дода шавад.

Ин марказ бо харҷи 12 миллион евро сохта шуда, ҳамчунин ба маблағи 5,5 миллион еврои дигар барои он таҷҳизоти муосири тиббӣ ворид мегардад, ки баъди ба истифода доданаш хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ боз ҳам  беҳтар хоҳад шуд.

Манбаъ қайд кард, ки аз авали соли равон бо дастгирии роҳбари давлат, созмонҳои хориҷӣ ва соҳибкорон  ба беморхона ҳафт дасгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, ки ҳар кадомаш беш аз ним миллион арзиш дорад, ворид карда шудааст.

Манбаъ қайд кардааст, ки дар беморхонаи вилояти Хатлон ба номи Бурӣ Воҳидови шаҳри Бохтар 959 нафар кору фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 134 нафар табиби дорои маълумоти олӣ мебошанд, ки шабонарӯз ба аҳолии вилояти Хатлон хизмати тиббӣ мерасонанд.

Барчаспҳо:
шароит, омодагӣ, вируси корона, беморхона, Бохтар, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ