05:12 03 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (864)
137 0 0

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз панҷ ҳазор бемори ҷадиди COVID-19 дар ин кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи сешанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар хабар дод.

Ба иттилои ӯ, дар 24 соати гузашта 5 039 бемори ҷадид дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод 2 254 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзашон ироа шуд.

Лорӣ гуфт, теъдоди беморони COVID -19 дар Эрон ба 539 670 нафар расидааст, ки то кунун 434 676 нафар аз онон беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Бидуни фавт: афзоиши гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон

Зимнан, шабонарӯзи гузашта 322 нафар аз беморони COVID -19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 31 034 нафар расидааст.

Бояд гуфт, ки теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 41 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам 1 120 000 нафар ҷони худро аз даст додаву беш аз 30 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (864)
Барчаспҳо:
омор, фавт, маризӣ, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ