22:41 04 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (868)
329 0 0

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, сарфи назар аз он, ки расман дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ мавҷуд надорад, амр додааст, ки ваксинаи зидди коронавирус харидорӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 21 октябр - Sputnik. Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳамедов фармон додааст, ки ваксинаи зидди сирояти коронавирус харидорӣ шавад, менависад рӯзномаи русизабони ҳукумати "Нейтральный Туркменистан".

"Сарвари давлат оид ба корҳои ташкилӣ доир ба хариди ваксинаҳои нави баландсифат бар зидди сирояти коронавирус, ки ҳоло дар давлатҳои мухталиф истеҳсол мешаванд, дастурҳои мушаххас дод", - гуфта мешавад дар изҳорот.

Дар кадом кишварҳо ваксина харида мешавад, мушаххас нашудааст, аммо ду ҳафта қабл зимни як гуфтугӯи телефонӣ бо президенти Русия Владимир Путин Бердимуҳаммадов гуфт, ки Туркманистон ба дастовардҳои олимони Русия дар эҷоди ваксина алайҳи коронавирус баҳои баланд медиҳад ва мехоҳад дар ин самт ҳамкорӣ кунад.

Дар Туркманистон, бо вуҷуди гузоришҳои мақомот дар бораи набудани ҳолатҳои коронавирус, режими ниқоб ва маҳдудиятҳои дигар ҷорӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, Вазорати тандурустии Русия моҳи август аввалин ваксинаро дар ҷаҳон барои пешгирии COVID-19 ба қайд гирифт, ки онро Маркази илмии электрохимиявии Гамалея таҳия карда,  он "Sputnik V" ном дорад.

Русия арзиши як вояи ваксинаи зидди коронавирусро гуфт

Чанд рӯз қабл президенти Русия Владимир Путин аз сабти номи ваксинаи дуюми русии "ЭпиВакКороны"  алайҳи COVID-19 ва инчунин сабти қарибулвуқӯи сеюм ваксина хабар дод.

 

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (868)
Барчаспҳо:
харидорӣ, Бердимуҳаммадов Гурбонгулӣ, Туркманистон

Мавзӯъҳои асосӣ