Теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар Эрон аз 32 ҳазор нафар гузашт

© Sputnik / Антон Быстров / Гузариш ба медиабонкЖители Тегерана идут по одной из центральных улиц в медицинских масках.
Жители Тегерана идут по одной из центральных улиц в медицинских масках.  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон мегӯяд, ба ҳолати 24 октябр теъдоди ҷонбохтагон аз коронавирус дар ин кишвар ба 32 ҳазору 320 нафар расид

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Симо Содоти Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон теъдоди гирифторони коронавирус дар кишварро ҳудуди 563 ҳазор нафар арзёбӣ кард.

Женщина в таджикском национальном костюме и маске - Sputnik Тоҷикистон
ТУТ: пӯшидани ниқоб дар Осиёи Марказӣ  ҷони беш аз 200 ҳазор нафарро наҷот медиҳад

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон Симо Содоти Лорӣ рӯзи шанбе гуфт: "Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта пан ҳазору 814 бемори ҷадиди коронавирус Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод ду ҳазору 169 нафар бистарӣ шуданд ва  ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзашон ироа шуд."

Лорӣ афзуд, маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба 562 ҳазору 705 нафар расидааст, ки то кунун 450 ҳазору 891 нафар аз онон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Ӯ илова намудааст, ки мутаассифона дар 24 соати гузашта 335 нафар аз беморони Ковид -19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 32 ҳазору 320 нафар расидааст.

Ба иттилои манбаъ, теъдоди афроди гирифтори вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 42 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дасти кам як миллиону 150 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода ва беш аз 31 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

Лентаи хабарҳо
0