05:39 03 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
258320

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат дорую дастгоҳҳои тиббиеро, ки барои мубориза бо СОVID-19 вориди кишвар мешаванд, аз пардохти боҷу андоз озод кард

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Бар асоси қарор, ки Эмомалӣ Раҳмон охири сентябр имзо кардааст, доруворӣ ва дастгоҳҳое, ки барои муайянсозию мубориза бо коронавирус ворид мешаванд, аз пардохти аксизҳо, боҷҳои гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки расмиёти заруриро зимни воридоти маводи мубориза бо коронавирус саривақт анҷом диҳад.

Ба феҳрасти колое, ки аз пардохтҳои ҳатмӣ озод шудаанд, аз ҷумла мавод барои истеҳсоли воситаҳои  безараргардонӣ, дору, либосҳои муҳофизатӣ ва таҷҳизот барои муайянсозии бемории сироятии коронавирус зикр гардидаанд.

Аз ҷумла воридоти тестҳое, ки гирифтории шахс ба ин бемориро фавран муайян месозанд, аз боҷу андоз озод гардидаанд.

Дар феҳраст инчунин матоъ барои дӯхтани ниқобу либосворӣ, дастгоҳҳои ҳаводиҳӣ, дастгоҳҳои ренгению ташхиси компютерӣ ва даҳҳо маводу дастгоҳи дигар зикр шудаанд.

Ироаи сабукӣ дар ҳолест, ки қаблан корафтодагон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз гарон будани дорувориҳо ва воситаҳои мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон шикоят карда буданд.

Барчаспҳо:
сабукӣ, қарори ҳукумат, дору, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ