20:00 02 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
843 0 0

Идораи беҳдоштӣ дар пайи дастури раиси шаҳри Хуҷанд дар бораи манъи фаъолияти клубҳои шабона то замони ба эътидол омадани вазъи эпидемилогӣ қарор ба тасвиб расонд. Аммо мушоҳидаҳо собит намудаанд, ки қарори содиршуда дар ин самт ҳанӯз ба иҷро нарасидааст

ДУШАНБЕ, 29 окт – Sputnik. Телевизиони маҳаллии “Танин” дар Хуҷанд дар бораи то ба ҳол ба иҷро нарасидани дастури Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд ва қарори идораи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии (МНДСЭ) шаҳр гузориш пахш намудааст.

Як таҳқиқоти шабонаи хабарнигори ин телевизион собит намудааст, ки бо вуҷуди таъкидҳои шаҳрдорӣ ва қабули қарор ҳанӯз дари клубҳои шабона дар Хуҷанд боз аст.

Маъруф Муҳаммадзода, ахиран дар ҷаласаи нуҳ моҳаи соҳаҳаои хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд, ки мавзӯъи меҳварии он пешгирӣ ва мубориза бо бемории ҳамагири COVID-19 буд, аз риоя нашудани меъёрҳои беҳдоштӣ дар бозор ва клубҳои шабона интиқод кард ва ба масъулин дар бораи манъи фаъолияти онҳо то замони ба эътидол омадани вазъи эпидемиjлогӣ нисбати сирояти бемории каронавирус дастури қатъӣ дод.

Рӯзи 22 уми октябр, сардори МНДСЭ шаҳри Хуҷанд, қарори манъи фаъолияти клубҳои шабонаи “Хваканта”, “Опера”, “Амнизия”, “Парламент”, “Шоми Суғд”, “Очил”, “Ёсуман”, “Барбарос” содир кард ва барои иҷроиш, онро дар ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷумла ШВКД дар шаҳри Хуҷанд ва ҳам мақомоти прокуратура ирсол намуд.

Баёнхати тӯйдорон, манъи аксгирӣ ва иҷозаи 4 кас дар ЗАГС : қоидаҳои нави тӯй дар Хуҷанд

Котиби матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, бо истинод ба МНДСЭ қабули ҳамчунин қарорро шарҳ дода гуфта буд, ки “фаъолияти чунин марказҳои дилхушӣ дар шароити феълӣ, барои саломатии шаҳрвандон хатарнок арзёбӣ мешавад”.

Хабарнигори “Танин” шаби 26 уми октябр аз чанд чунин клубҳои шабона дидан кардааст, ки ҳамчунон дарҳояшон боз аст. Дар ин миён танҳо клубҳои “Ёсуман” ва “Очил” ба дунболи қабули қарори МНДСЭ дарҳои худро бастаанд.

Дар ҳамин ҳол як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки рӯзи гузашта кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баёнхати роҳбарони чанд клубҳои шабонаро гирифтаанд ва дар ҳоли ҷиддӣ нагирифтани қарор, нисбати онҳо ҷарима тадбиқ карда мешавад.

"Эҳтиёт кунед": дар Хуҷанд корҳои фаҳмондадиҳии пешгирии коронавирус пурзӯр мешавад

Масъулони ҳукумати Хуҷанд, ахиран омори бемории COVID-19 ро шарҳ дода, гуфтанд, ки аз оғози сабти пандемия то имрӯз 4 ҳазору 650 мавриди сирояти беморӣ сабт шудааст ва аз ин шумор 3114 нафар дар ду беморхонаи Суғд ва таваллудхонаи Хуҷанд табобат гирифта, 1536 нафар зери муоинаи амбулатории духтурон қарор гирифтаанд.

Барчаспҳо:
марказҳои дилхушӣ, қарор, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ