06:22 03 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
102 0 0

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, аз ду ваксинаи омодашуда алайҳи коронавирус дар кишвар тавсиф карда, изҳор дошт, ки ба зудӣ ваксинаи сеюм низ омода мешавад

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Путин имрӯз зимни як ҳамоиш гуфт, Русия фаъолона ва самаранок роҳи таҳияи ваксина алайҳи коронавирусро тай кард, ки ба гуфтаи ӯ далели ҳифз ва рушди макотиби таъсисдода ҳанӯз дар замони шӯравӣ мебошад.

Путин дар анҷумани сармоягузории XII, зери унвони "Россия зовет", ки ширкати "ВТБ Капитал" ташкил кард, таъкид намуд, ки аз ваксинаҳо ду талаботи асосӣ ҷой дорад, ки яке бехатарӣ ва дигаре самаранокӣ мебошад. Ӯ афзуд, дар ваксинаҳое, ки истеҳсол шудаанд, ин ду меъёр риоя гардидаанд.

 Ба гуфтаи раисиҷумҳури Русия, феълан суол дар бораи муҳайё кардани истеҳсоли саноатию оммавии ин ваксинаҳо мебошад.  Ӯ изҳори умед кард, ки то охири сол истеҳсоли саноатии ваксинаҳо роҳандозӣ мегардад.

Путин таъкид кард, ки дар марҳилаи аввал эмгузаронии худи шаҳрвандони Русия муҳим мебошад ва имкон дорад ба бозори хориҷӣ низ содир карда шавад.

“Мо аллакай дар бозорҳои хориҷии низ кор мекунем, ҳаҷми солонаи ин бозор тақрибан 100 миллиард доллар арзёбӣ мешавад. Омодаем, ҳамкориро зич намоем, то ҳатто омодаем, ин ваксинаро дар корхонаҳои шарикони хориҷӣ истеҳсол кунем, аммо ин ҳама бояд на бар зиёни эмгузаронӣ дар дохили  Русия роҳандозӣ гардад”, - илова намуд Путин.

Ба гуфтаи Путин, Белорус ин нахустин шарик мебошад, ки ба он ваксинаҳои русиягӣ ироа шудаанд ва он ҷо кор бо ин ваксина самаранок пеш рафта истодааст.

Барчаспҳо:
истеҳсолӣ, Путин, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ