Гирифторони коронавирус дар Эрон аз 600 ҳазор нафар гузашт

© AP / Vahid SalemiИзмерение температуры в школе в Тегеране
Измерение температуры в школе в Тегеране  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати беҳдошти Эрон гуфт, теъдоди афроди олуда ба вируси корона дар ин кишвар аз 600 ҳазор нафар гузашт

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik.  Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи ҷумъа дар бораи охирин омори корона дар Эрон ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Во время пандемии не только мигрантам не хватало Москвы, но и Москве — мигрантов - Sputnik Тоҷикистон
Дар Маскав муҳоҷирон намерасанд: видео

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Содот Лорӣ гуфт, “бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта 8 ҳазору 11 бемори ҷадиди Ковид – 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод ду ҳазору 754 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзашон расонида шуд”.

Лорӣ афзудаст, маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба 604 ҳазору 952 нафар расидааст, ки то кунун 477 ҳазору се нафар аз онон беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд”.

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон ҳамчунин гуфт, муттаассифона, дар 24 соати гузашта 365 нафар аз беморони Ковид -19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 34 ҳазору 478 нафар расидааст.

Теъдоди гирифторон ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 45 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам як миллиону 187 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаву беш аз 33 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

Лентаи хабарҳо
0