23:14 04 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
613 0 0

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус сабт нашудааст

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 40 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 9 ноябр 11 ҳазору 376 ҳолатро ташкил медиҳад.

Гуфта шудааст, ки дар як шабонарӯзи охир 58 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10711 баробар гардид.

Дар ҳамин ҳол, вазорат таъкид доштааст, ки бар асари ин беморӣ 83 нафар фавтидаанд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Вазорати тандурустӣ таъкид кардааст, ки то шоми имрӯз 94,1%-и гирифторони сабтшуда ба коронавирус аз ин беморӣ шифо ёфтанд.

Зикр шудааст, ки Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Вазорат бори дигар аз сокинон даъват кардааст, ки барои пешгирӣ аз вируси корона пеш аз ҳама бояд қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

Барчаспҳо:
фавт, омор, Вазорати тандурустӣ, шумор, вируси корона, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ