12:04 30 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
521 0 0

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон фавти як нафари дигарро бар асари коронавирус дар шабонарӯзи гузашта тасдиқ кард

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, то шоми имрӯз бар асари коронавирус дар Тоҷикистон 84 нафар фавтидаанд.

Манбаъ афзуд, ки тайи шабонарӯзи гузашта, 41  ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар аз 30 апрел то 10 ноябр 11 ҳазору 417 ҳолатро ташкил медиҳад.

Теъдоди шифоёфтагонро то шоми имрӯз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 10 ҳазору 763 нафар арзёбӣ кардааст. Аз ҷумла тайи шабонарӯзи гузашта ба иттилои ин ниҳод 52 нафар аз COVID-19 шифо ёфтаанд.

Вазорати тандурустӣ таъкид кардааст, ки то шоми имрӯз беш аз 94 %-и гирифторони сабтшудаи коронавирус аз ин беморӣ шифо ёфтанд.

Бар асоси ин омор, феълан теъдоди онҳое, ки дар Тоҷикистон расман гирифтори коронавирусанд ҳудуди 570 нафарро ташкил медиҳад.

Вазорат аз сокинон даъват кардааст, ки барои пешгирӣ аз вируси корона пеш аз ҳама бояд қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

Барчаспҳо:
беморӣ, фавт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ