17:26 01 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.56
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
340 0 0

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, тайи шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 40 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид.

Манбаъ афзуд, шумораи умумии гирифторон аз 30 апрел то 12 ноябр ба 11 ҳазору 496 нафар расид.

Вазорат таъкид намудааст, ки давоми шабонарӯзи гузашта 42 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба  10 ҳазору 853 баробар гардид.

Таносуби шифоёфтагон аз теъдоди умумии гирифторон 94,4% арзёбӣ шудааст.

Бар асоси омори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар муддати аз 30 апрел то 12 ноябр бар асари ин беморӣ 84 нафар фавтидаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Барчаспҳо:
беморӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ