Аз куҷо ба куҷо? Вазифаи нави Насим Олимзода, собиқ вазири тандурустӣ, пас аз 6 моҳ

© Пресс-служба президента РТОлимзода Насим министр здравоохранения и социальной защиты населения РТ, архивное фото
Олимзода Насим министр здравоохранения и социальной защиты населения РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Насим Олимзода, собиқ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, директори Пажўҳишгоҳи гастроэнтерологияи Тоҷикистон, дар миёни мардум маъруф ба “Клиникаи Мансуров” таъин шуд

ДУШАНБЕ, 13 ноя – Sputnik. Эмомалии Мирзо, сухангӯи Вазорати тандурустӣ, ба Sputnik Тоҷикистон дар таъйиди ин хабар гуфт, Насим Олимзода тақрибан як ҳафтаи қабл вазифаи нав гирифт.

“Фармони вазири тандурустӣ дар ин маврид содир шудааст. Насим Олимзода ҳоло сари вазифаи нави худ ҳастанд”,-гуфт Эмомалии Мирзо.

Насим Олимзода 5 майи соли равон дар айни гирудор бо пандемияи “вируси корона” аз вазифааш сабукдӯш шуда, ба ҷои ӯ Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таъин шуд.

Лечение больных с коронавирусом - Sputnik Тоҷикистон
Вазорат: шабонарӯзи гузашта боз як марги дигар бар асари вируси корона сабт шуд

Тайи ин муддат вазифаи нави ӯ маълум набуд. Дар нишасти хабарии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар посух ба суоли хабарнигорон дар бораи сарнавишти Насим Олимзода посух дод, ки ӯ аз рӯи касби худ фаъолият мекунад. Аммо дар бораи вазифааш иттилои дақиқ надод.

Вируси сархур: афзоиши марг аз вируси корона дар саросари ҷаҳон

Барканории Насим Олимзода бо иттифоқи се муовинаш - Саида Умарзода (муовини якум), Мирҳамуддин Камолзода ва Азиз Одиназода, ки ҳамагӣ моҳҳои январу феврали соли 2017 ба вазифа таъйин шуда буданд, анҷом гирифта буд.

Моҳи июл Азиз Одиназода директори Маркази ҷумҳуриявии илмии хун таъин шуд. Аммо аз вазифаҳои муовинони дигар хабаре нест.

Глава налогового комитета Таджикистан Давлатзода Нусратулло, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Давлатзода гуфт, буҷа аз таътили андозӣ дар пандемия чанд пулро аз даст дод

Насим Олимзода дар вазифаи наваш Саодат Азимзодаро иваз кард, ки аз соли 2013 ба ин сӯ директори Муассисаи давлатии Пажўҳишгоҳи гастроэнтерологияи Тоҷикистон буд. Саодат Азимзода ба курсии муовини директори пажӯҳишгоҳи мазкур дар умури илм такя задааст.

Муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Тоҷикистон аввали солҳои 1960 – и асри гузашта ба хотири расидагӣ ба бемориҳои узвҳои ҳозима ва ҷигар бо сарварии академик Ҳамид Мансуров ёфтааст. Ин пажӯҳишгоҳ маркази илмӣ-тадқиқотӣ, ташкилӣ-методӣ, машваратӣ, клиникавӣ ва омузишӣ буда, сармуассисаи вазорати тандурустии Тоҷикистон дар умури бемориҳои узвҳои ҳозима маҳсуб мешавад.

Лентаи хабарҳо
0