21:26 03 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
59 0 0

Муовини раиси вилояти Хатлон, дар ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ таъкид доштааст, ки аз 7 ҳазору 988 нафар ба бемории илтиҳоби шуш гирифторшуда, 7 ҳазору 721 бемор шифо ёфтанд

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Ахиран дар вилояти Хатлон таҳти раёсати Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирии вируси корона баргузор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон.

Дар ин ҷаласа Фирӯза Шарифӣ, таъкид доштааст, ки то 1 ноябри соли равон дар вилоят 7 ҳазору 988 нафар ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор шуда, 7 ҳазору 721 бемор шифо ёфт, - зикр кард муовини раиси вилоят. 

Вай қайд кардааст, ки айни ҳол дар муассисаҳои табобатии вилоят 4  ва дар муҳити хона 15 нафар таҳти назорати табибон муолиҷа гирифта истодаанд.

Ҳамзамон гуфта шудааст, ки барои пурзӯр кардани чораҳои зарурии саривақтӣ вобаста ба пешгирии бемории коронавирус таҳти назорат қарор додани фаъолияти ситодҳо, пурзӯр намудани корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ, таъмини бехатарии кормандони соҳаи тиб, танзими нархи маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар вилоят, тақвият бахшидани тадбирҳои беҳдоштӣ миёни аҳолӣ ва дар таътили 10 - рӯза безарар гардондани муассисаҳои таълимӣ  ба масъулон супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Мавриди зикр аст, ки дар аҳди коронавирус дар ин муддат дар кишвар зиёд нафарон аз ин беморӣ фавтиданд, аммо мақомоти Хатлон дар баробари омори шифоёфтагон аз фавтидагон чизе нагуфтаанд.

 

Барчаспҳо:
бемористон, таманнои шифои комил, бемор, ситод, Хатлон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ