19:47 02 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
86030

Таҳқиқгарони Пажуҳишгоҳи молекулию вирусшиносии Донишгоҳи Улма дар Олмон маҳсулоти табииеро муайян намудаанд, ки то 97 дарсад коронавирусро заиф месозанд

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Пажуҳишгарони Маркази тиббии Донишгоҳи Улма эълон доштанд, маҳсулоти табииеро кашф намудаанд, ки то 97 дарсад таъсири манфии коронавирусро дар бадани инсон кам мекунанд.

Бознашри матлаб дар пойгоҳи bioRxiv дастрас мебошад.

Дар феҳрасти ин маҳсулоти муфид, чойи кабуд, оби анор ва ғубайрои сиёҳ ё худ “рябина”-и сиёҳро ном бурдаанд.

Пажуҳишгарон мегӯянд, чун коронавирус нахуст гулӯро сироят мекунад, афшура ё худ шираи рябинаи сиёҳ фаъолии коронавирусро дар бадан то 97 дарсад кам месозад.

Таъкид шудааст, ки чойи кабуд ва оби анор метавонанд то 80 дарсад коронавирусро заиф созанд.  

Ба гуфтаи пажуҳишгарон, афшураҳои табиӣ ва чойи кабуд фазои туршро фароҳам карда, дорои полифенолҳое мебошанд, ки ба COVID-19 таъсири манфӣ мерасонанд.

Дар назар аст, ки ин пажуҳиш мавриди арзёбии ҷомеаи илмии ҷаҳонӣ қарор гирад.

Барчаспҳо:
таманнои шифои комил, табобат, вируси нав, Ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ