18:53 29 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
81710

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон гузаронидани ҳама чорабиниҳои солинавиро манъ кард.

ДУШАНБЕ, 18 ноя - Sputnik. Қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар ин бора имрӯз нашр шуд.

Бар асоси ин қарор, гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, аз ҷумла ташкили арчаи солинавӣ, чорабиниҳои фарҳангии оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар қаламрави кишвар манъ карда шуд.

“Сайру гашти мардум дар боғҳои фарҳангу фароғат, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ танҳо бо дарназардошти риояи ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ, истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатӣ ва риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ дар масофаи байниҳамдигарии аз 1,5 то 2 метр иҷозат дода мешавад”,-афзудааст манбаъ.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ масъалаи бо маводи безараргардонӣ таъмин намудани боғҳои фарҳангу фароғат, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро ба таври қатъӣ назорат намоянд, омадааст, дар қарор.

Вазорати корҳои дохилӣ муваззаф гаштааст,  ҷиҳати пурзӯр кардани фаъолияти нозирони минтақавии милитсия барои пешгирӣ кардани сирояти нави коронавирус дар маҳалҳо чораҳои иловагӣ андешад.

Ҳамзамон ба асоси қарор Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм муваззаф шудаанд, ки риояи қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятиро дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ боз ҳам қатъӣ назорат намоянд.

Ситоди ҷумҳуриявӣ вобаста ба хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии COVID–19 дар ҷаҳон аз шаҳрвандон хостааст, ки қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ ва маслиҳату тавсияҳои табибону мутахассисонро қатъиян риоя кунанд.

 

Мавзӯъҳои асосӣ