19:46 18 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
216 0 0

Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо мақсади аз наздик шинос шудан бо вазъи беморхонаҳо ва марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳои кишвар гаштҳои рӯзона ва шабонаро ба роҳ мондаанд

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон шахсан аз рафти фаъолияти Маркази тиббии шаҳрии №1-и шаҳри Душанбе дидан намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ниҳод.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни боздид вазири тандурустии кишвар бо фаъолияти  муассисаи мазкур аз наздик шинос шуда, оид ба рафъи мушкилиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Гуфта шудааст, ки вазир дар ҳамин муассиаи тиббӣ бо чанд беморон дидору гуфтугӯ кард.

Инчунин манбаъ, таъкид доштааст, ки шаби 22 ноябри соли равон муовини вазири тандурустӣ Зулфия Абдусаматзода аз рафти  хизматрасонии шӯъбаи таваллудхонаи Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ва як қатор шӯъбаҳои таваллуди беморхонаҳои шаҳри Душанбе дидан намуд.

Вазорат зикр кардааст, ки муовини вазир бо фаъолияти шӯъбаҳои таваллуд, шинос шуд ва бо наздикону пайвандони беморон низ вохурӣ кард.

Қайд карда шудааст, ки зимни вохурӣ по беморон вобаста ба хизматрасонии тиббӣ суҳбат намуданд.

Барчаспҳо:
муовин, санҷиш, беморхона, тандурустӣ, вазир, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ