21:58 20 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.68
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
114 0 0

Бо дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон омодагиҳои муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон ба давраи зимистон ва ҳолатҳои пешгирӣ аз сӯхтор мавриди санҷиш қарор доданд

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ хабар додааст, ки чунин як санҷиш аз ҷониби мутахассисони Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон дар ноҳияи Кушониён" гузаронида шуд.

Дар рафти санҷиш маълум гаштааст, ки дар муассисаи мазкур чораҳои пешгирӣ аз сухтор риоя гардида, дар он шитҳои зиддисухторӣ, гӯшаҳои огоҳкунанда, гидрантҳо ва ҳавзи захираи об дар ҳолати омодабош қарор доранд.

Мақомоти Хатлон гуфт, чанд нафар аз илтиҳоби шуш наҷот ёфт, аммо аз фавтидагон чизе нагуфт

Инчунин, дар муассисаи мазкур хат ва дастгоҳҳои барқӣ аз санҷиш гузаронида шуда, ба фасли зимистон омода мебошанд.

“Тавре аён гардид, дар ин муассиса 5 адад гӯшаҳои зиддисухторӣ бо тамоми таҳҷизоти зарурӣ мавҷуд мебошанд. Инчунин, дар дохили бинои муассиса 6 адад гидрант  бо рудаҳои махсуси зиддисухторӣ васл шуда, дар ҳолати омодабош қарор доранд”, - қайд кардааст манбаъ.

Ҳамзамон, зимни санҷиш маълум шудааст, ки дар Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон дар ноҳияи Кушониён" барои муътадил гузаронидани фасли зимистон захираи кофии ангишту ҳезум ва маводҳои ғизои низ муҳайё карда шудааст.

Гуфта шудааст, ки айни замон дар муассисаи мазкур 60 нафар бошандагон, аз ҷумла 41 нафар мард ва 19 нафар занон қарор доранд.

Қайд шудааст, ки муассисаи номбурда бо системаи ягонаи гармидиҳӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Вазорат таъкид доштааст, ки инчунин, санҷишҳо аз ҷониби мутахассисони Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар Хонаи пиронсолони шаҳри Бохтар ва Муассисаи давлатии таълимии мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ гузаронида шудааст.

Барчаспҳо:
зимистон, сӯхтор, пешгирӣ, таъмири муассисаҳои тиббӣ, санҷиш, Хатлон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ