17:36 18 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
130 0 0

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, наздики ду ҳафта мешавад, ки дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати фавт аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, тайи шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 39 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Манбаъ афзуд, дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 30 ноябр 12 ҳазору 194 ҳолатро ташкил медиҳад.

“Дар як шабонарӯзи охир 40 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 599 нафар баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Охирин ҳолати фавт аз коронавирус дар ҷумҳурӣ 18 ноябр ба қайд гирифта шудааст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то ҳол 95,1%-и гирифторони коронавирус дар ҷумҳурӣ шифо ёфта, барои пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

Барчаспҳо:
вируси нав, фавт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ