05:05 26 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.83
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
293 0 0

Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва омодагии онҳо барои муътадил гузаронидани фасли зимистон, беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ вазорати тандурустӣ гаштҳои рӯзона ва шабонаро ба роҳ мондааст

ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода шахсан аз Беморхонаи марказӣ ва Беморхонаи бемориҳои руҳии ноҳияи Рӯдакӣ дидан кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорат.

Гуфта шудааст, ки барои гузаронидани фасли зимистон дар беморхонаи мазкур захираи кофии сӯзишворӣ ва маводи хӯрока муҳайё карда шуда, муассисаҳои номбурда ҷиҳати муътадил гузаронидани фасли зимистон омода мебошанд.

Қайд карда шудааст, ки вазир дар беморхонаҳои мазкур бо беморон низ мулоқот намуда, оид ба вазъи хизматрасонии тиббӣ аз онҳо пурсон шуд.

Қайд карда шудааст, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, риояи қоидаҳои пешгирӣ аз сӯхтор ва бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда аз ҷониби вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ба масъулини беморхонаҳои номбурда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Барчаспҳо:
дидан, Рӯдакӣ, бемористон, тандурустӣ, вазир, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ