00:10 27 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
238 0 0

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар кишвар ягон ҳолати фавт аз коронавирус сабт нашудааст

ДУШАНБЕ, 12 дек – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 36 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, дар маҷмӯъ сирояти коронавирус аз 30 апрел то 12 декабр 12 ҳазору 666  ҳолатро ташкил медиҳад.

“Дар як шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 12 ҳазору 93 нафар баробар гардид”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид кард, ки бар асари ин беморӣ 88 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ дар мавриди таносуби шифоёфтагон таъкид намуд, ки 95,5%-и  гирифторон  шифо ёфтанд.

Таъкид гардидаст, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Барчаспҳо:
таманнои шифои комил, беморӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ