01:35 28 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.68
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
69 0 0

То 12 декабри соли равон шумори гирифторон ба коронавирус дар ҷаҳон ба 71 миллиону 456 ҳазору 605 нафар расид

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Бино ба иттилои Созмони ҷаҳонии беҳдошт,  танҳо дар як шабонарӯз боз 233 ҳазору 364 ҳолати нави мубталоӣ ба ин вируси кушанда сабт шудааст.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ таъкид доштааст, ки то кунун дар саросари ҷаҳон аз ин беморӣ 1 миллиону 601 ҳазору 519 нафар ҷон бохтаанд.

Дар ҳамин ҳол, аз КОВИД-19 49 миллиону 656 ҳазору 877 нафар муолиҷа шудаанд. Дар айни замон 106 ҳазору 663 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон аз сирояти боз 42 нафар хабар дода шуд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар шумори умумии мубталоён ба КОВИД-19-ро 12 630 нафар эълон намуд.

Дар Русия 28 585 сироятшудаи нав сабт шуд. Танҳо дар Москав 7 215 нафар, дар Санкт-Петербург -3 779, дар вилояти Москав 1 370 нафар сироят шудаанд. Дар саросари Русия шабонарӯзи гузашта 613 нафар фавтидаанд, ки ин болотарин нишондиҳандаи маргумири шабонарӯзӣ аз Covid-19 дар ин кишвар мебошад.

Дар Қазоқистон боз 836 мубталои нав ба коронавирус сабт гардид. Шумори умумии гирифторон ба 139 995 нафар расидааст.

Дар Қирғизистон зарфи як шабонарӯзи гузашта 327 нафар чун мубталои нав сабт шуда, аз аввали ҳамагирӣ 76 718 нафар ба COVID-19 сироят шуданд. 

Шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар Ӯзбекистон ба  74 664 (+166) расидааст.

Барчаспҳо:
гирифторон, шумор, ҷаҳон, вируси корона

Мавзӯъҳои асосӣ