07:41 19 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
861 0 0

Ҳадаф аз иқдоми  мазкур, пеш аз ҳама, шиносоӣ бо вазъи воқеии муассисаҳои тандурустӣ ва ҷараёни хизматрасонии табибон дар шабонгоҳ арзёбӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон барои назорати фаъолияти беморхона гаштҳои шабонаро ба роҳ мондааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти шабонаи муассисаҳои тандурустӣ, муовинони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар намуда, бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ шинос шуданд.

Ба иттилои манбаъ, бо ин мақсад муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода аз Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор, Зулфия Абдусаматзода аз Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ, Шодихон Ҷамшед аз Беморхонаи Марказии  ноҳияи Шаҳринав ва Самариддин Ализода аз Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода боздид намуданд.

Манбаъ мегӯяд, муовинони вазир зимни боздид аз фаъолияти  шуъбаҳои беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳо, ҳамзамон бо бемороне, ки дар муассисаҳои тандурустӣ ба табобат фаро гирифта шудаанд, суҳбат намуданд.

Беш аз 95 дарсади гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон шифо ёфтанд

Гуфта мешавад, ҳадаф аз иқдоми  мазкур, пеш аз ҳама, шиносоӣ бо вазъи воқеии муассисаҳои тандурустӣ ва ҷараёни хизматрасонии табибон дар шабонгоҳ, омодагии онҳо барои муътадил гузаронидани фасли зимистон, вохӯрӣ бо беморон ва дигар масъалаҳои ҷойдошта мебошад.

Барчаспҳо:
Беморхона, хизматрасонӣ, табибон, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ