13:07 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (967)
2614 0 0

Як мақомоти тандурустии вилояти Суғд мегӯяд, тайи се рӯзи ахир ҳудуди 600 нафарро ба гумони гирифторӣ ба “вируси корона” ташхис кардаанд

ДУШАНБЕ, 15 дек – Sputnik. Абдумавлон Абдуллозода, сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз ин ҷумла ҳеҷ яке бо ташхиси "вируси корона" ё "илтиҳоби шуш" дар шифохонаҳо бистарӣ нашудааст.

"Сироятёбӣ ҳаст, онро намешавад инкор кард, аммо маризшавӣ дар сатҳи хеле пойин қарор дорад. Масалан, ҳомилони сиҳатманд (здоровие носители), яъне бе аломат ҳастанд, аммо теъдоди онҳо низ хеле кам аст. Дар шифохонаҳо ду – се нафари гирифторшударо дорем, ки ҳолаташон миёнавазнин ва вазъашон рӯ ба беҳбудист", - гуфт Абдумавлон Абдуллозода.

Вилояти Суғд, ки шаҳри Хуҷанд маркази маъмурии он аст, пас аз Душанбе дуввумин қисмати Тоҷикистон аст, ки мавориди аввалини гирифторӣ ва маргумир аз "вируси корона" – ро дар моҳи апрели соли равон таҷриба кард.

Ба далели ин ки вазорати тандурустии Тоҷикистон омори гирифторӣ, марг ва шифоёбӣ аз COVID-19 – ро фақат дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳамарӯза эълон мекунад, маълум нест, ки то ин рӯз дар вилоят чанд нафар аз имтиҳони ин маризии ҳамагир гузашта ё нагузаштаанд.

Сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд мегӯяд, далели коҳиши гирифторӣ ба "вируси корона" эҳтимолан сардии шадид ва дар хона мондани сокинони вилоят аст.

"Агар мардум камтар ба кӯчаву бозор бароянд ва масофаи иҷтимоиву дигар талаботи беҳдоштиву муҳофизатиро риоя кунанд, умедворем, ки ба натиҷаҳои беҳтар хоҳем расид", - гуфт Абдумавлон Абдуллозода.

Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, рӯзи гузашта дар кишвар 37 мавриди нави гирифторӣ ба COVID-19 ошкор шуда, теъдоди гирифторон ба 12741 ва шифоёфтагон ба 12172 (95,5%) нафар баробар гардидааст.

Ҳушдор аз мавҷи дуввуми COVID–19 ва манъи ҳама чорабиниҳои солинавӣ дар Хуҷанд

Вазорат дар як иттилоия ҳамоно вазъи имрӯзаро ҳассос хонда, аз сокинони кишвар хостааст, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши "вируси корона" қабл аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

"Дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст", - омадааст дар иттилоия.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (967)
Барчаспҳо:
бистарӣ, Хуҷанд, вируси корона

Мавзӯъҳои асосӣ