00:08 26 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.73
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
89801

Роспотребнадзори Русия феҳристи кишварҳои амн аз вируси коронаро нашр кард

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Танҳо се кишваре, ки Русия бо онҳо парвозҳои мустақим дорад, аз вазъияти эпидемиологии хуб бархурдор будаанд.

Сухан дар бораи Танзания, Эфиопия  ва ҷазираҳои Сайшел меравад.

“Тибқи тамоми меъёрҳо вазъи эпидемиологӣ танҳо дар Танзания, Эфиопия ва ҷазираҳои Сайшел мувофиқ аст”, - таъкид кардааст Роспотребнадзор.

Ҳамчунин ин ниҳод хабар додааст, аз се меъёре, ки муайян шудааст Қирғизистон, Миср, Куба ва Малдив ба ду меъёр мувофиқ мебошанд. Дар ҳамин ҳол, Аморати муттаҳидаи Араб, Бритониё, Корея, Сербия ва Ҷопон танҳо ба як меъёри Роспотребнадзор мувофиқ будаанд.

Ҳангоми баҳодиҳии вазъи эпидемиологии дигар кишварҳо, ин ниҳод нишондиҳандаҳои сироятёбӣ ба вируси корона дар давоми 14 рӯзи ахир, суръати афзоиши сироятёбии миёна дар як рӯз, шумори тестҳои гирифташударо таҳқиқ мекунад.

То имрӯз Русия парвозҳои мустақимро бо 16 кишвари дунё барқарор кардааст. Аз ҷумла парвозҳо ба Туркия, Бритониё, Танзания, Шветсария, АМА, Малдив, Миср, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Кореяи ҷанубӣ, Сербия, Куба, Ҷопон, Эфиопия ва ҷазираҳои Сайшел барқарор шудаанд.

Барчаспҳо:
феҳрист, вируси корона, кишвар, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ