Ҳукумат барои сохтмони беморхонаи сироятӣ замин ҷудо кард

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат барои сохтмони беморхонаи сироятӣ беш аз 6 гектар замин ҷудо кард

ДУШАНБЕ, 19 дек – Sputnik. Тибқи қарори Ҳукумат, аз заминҳои хоҷагии  "Абдурауф Юсупов"-и шаҳри Ҳисор барои сохтмони беморхонаи сироятӣ 6,3 гектар замин ҷудо карда мешавад.

Строитель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Хатлон 941 иншооти тандурустӣ бунёду навсозӣ мешавад

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки ҷубронро ба истифодабарандаи замин пурра таъмин кунад.

Муовини сарвазир дар Файзобод: таъсис гурӯҳи корӣ барои пешгирӣ аз мавҷи дуюми коронавирус

Инчунин таъкид шудааст, ки қабати ҳосилхези хок тибқи тартиби муқарраргардида захира карда шавад. Вазорати тандурустӣ дастур гирифтааст, ки замини гирифтаро мувофиқи мақсад истифода барад.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи аввали хуруҷи коронавирус дар кишвар,  моҳи майи соли равон нақшаи чорабиниҳоеро ба тасвиб расонд, ки тибқи он то 1 сентябри соли 2021 дар тамоми шаҳру навоҳии Тоҷикистон бояд  беморхонаҳои сироятӣ бунёд карда шаванд.

Лентаи хабарҳо
0