12:59 19 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
105 0 0

Вируси корона ҷони 175 тани дигарро дар 24 соати гузашта дар Эрон гирифт, ки ин омор нишондиҳандаи коҳиши рӯзафзуни шумори қурбониёни COVID-19 дар ин кишвар аст

ДУШАНБЕ, 19 декабр - Sputnik. Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон мегӯяд, дар 24 соати гузашта, 6 ҳазору 421 бемори ҷадиди мубтало ба коронавирус дар кишвар шиносоӣ ва аз ин теъдод  822 нафар бистарӣ шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон бо такя ба мақомоти беҳдоштии Эрон, маҷмӯи гирифторони коронавирус дар кишвар ба як миллиону 152 ҳазору 72 нафар нафар расид.

Шумори ҷонбохтагон аз ин беморӣ дар Эрон ба 53 ҳазору 448 нафар расидааст.

Вазорати беҳдошти Эрон афзудааст, ки то кунун 875 ҳазору 943 нафар аз беморони коронавирус дар ин кишвар низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Ҳамчунин бар асоси охирин хабарҳо теъдоди шаҳрҳои дорои вазъияти шадиди коронаӣ дар Эрон ба сифр расидааст.
 
Манбаъ илова намуд, ки теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 76 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дасти кам як миллиону 685 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданду ҳудуди 53 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

Барчаспҳо:
беморӣ, вируси нав, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ