20:32 17 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
226 0 0

Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон аз маризии коронавирус ягон мавориди фавт сабт нашудааст. Теъдоди умумии қурбониёни ин дард 90 нафарро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Вазорати тандурустӣ иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 28 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардид.

Ба иттилои манбаъ, дар мамлакат шумораи умумии гирифторони ин беморӣ ба 13265 нафар баробар гардид.

Омори охири гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон

Ҳамзамон,  дар як шабонарӯзи охир 37 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон 12763 нафарро ташкил медиҳанд.

Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон аз ин маризӣ ягон бемор ҷон набохта, ҷамъан теъдоди қурбониён 90 нафар аст.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меоранд, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

Барчаспҳо:
омор, маризӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ