03:01 27 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (938)
81 0 0

Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави сироят, фавт ва шифоёбӣ аз маризии коронавирусро нашр намуд

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Вазорати тандурустӣ иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 31 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ба  13296 нафар баробар гардид.

Ҳамзамон,  дар як шабонарӯзи охир 36 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 12799 нафар баробар гардид.

Омори охири гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон

Аз замони бурузи ин маризӣ дар кишвар то ҳол 90 нафар қурбон шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (938)
Барчаспҳо:
омор, маризӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ