12:54 19 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
31610

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон изҳори умедворӣ кардааст, ки дар Соли нав сироятёбӣ ба COVID-19 коҳиш ёфта ва дар аввали тобистон аз байн бурда шавад

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ изҳор доштааст, ки сироятёбӣ ба COVID-19 метавонад дар соли оянда коҳиш ёфта, аллакай аввали тобистон аз байн бурда шавад, иттилоъ додааст "Ховар".

“Ягона шарти зарурӣ барои расидан ба чунин сенарияи некбинона —  ин ноил шудан ба идорашавандагии пандемия мебошад. Фикр мекунам, пас аз таҷлили Соли нав сирояти коронавирус дар мо зиёд нахоҳад шуд, баръакс, коҳиш меёбад”, — гуфт ӯ.

Вазир қайд кардааст, ки ба ин метавонад чораҳои пешгирикунандаи вирус, ки аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии коронавирус андешида шудаанд, мусоидат кунанд.

“Арчаҳои солинавӣ, чорабиниҳои корпоративию иҷтимоӣ, парвозҳои мунтазам бекор карда, чораҳои эҳтиётӣ дар муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва ғайра таҳким бахшида шудаанд.  Дар саросари ҷумҳурӣ гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ аҳолиро дар бораи зарурияти  риояи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ, қоидаҳои истеъмоли ғизо ва пешбурди тарзи ҳаёти солим огоҳ мекунанд”, - гуфт вазир.

Ҷамолиддин Абдуллозода изҳори умед кард, ки истифодаи ваксина низ имкон фароҳам меорад, ки вазъи COVID-19 дар кишвар ба таври назаррас беҳтар гардад.

Вай афзуд, ки Тоҷикистон ба механизми байналмилалии COVAX, ки ҳадафи он дар асоси баробарӣ таъмин намудани ҳамаи кишварҳо бо ваксинаҳои коронавирус аст, шомил гардид. Тақсими аввалин ваксинаҳо дар доираи механизми байналмилалии COVAX то нимаи соли 2021 оғоз мегардад.

Барчаспҳо:
коҳиш, сироят, тобистон, вируси корона, вазир, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ