21:20 26 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
602 0 0

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, баъди ду рӯзи сабт нашудани ягон ҳолати гирифторӣ ба COVID-19, дар як шабонарӯзи охир боз 4 ҳолати нави мубталошавӣ ба ин маризӣ ба қайд гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik.  Вазорати тандурустӣ мегӯяд, тайи шабонарӯзи гузашта 4 ҳолати нави гирифторӣ ба қайд гирифта шуда,  45 нафар аз  COVID-19 шифо ёфтаанд.

 “Дар маҷмӯъ то шоми 2 январ дар кишвар 13 ҳазору 300 нафар гирифторони коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 12 ҳазору 939  нафар ё 97,0% шифо ёфтаанд. Инчунин, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Бар асоси иттилои расмӣ, феълан камтар аз 300 нафар беморони боқимонда бо нишонаҳои сабуки бемории мазкур дар хона зери назорати дармонгоҳӣ қарор доранд.

Қаблан Вазорати тандурустӣ хабар дода буд, ки то 31 декабр ва 1 январ ягон нафар дар шифохонаҳои Тоҷикистон бо маризии “вируси корона” бистарӣ нашудаасту ягон нафар ҳам ташхиси гирифторӣ ба ин маризӣ сабти ном нашуд.

Барчаспҳо:
беморӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ