Сироятёбии наздик ба 91 миллион нафар: шумори гирифторон ба COVID-19 дар ИМА афзоиш ёфт

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкГоспиталь COVID-19 в ЦИТО им. Н. Н. Приорова
Госпиталь COVID-19 в ЦИТО им. Н. Н. Приорова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шумори гирифторони COVID-19 дар ҷаҳон ба 90 миллиону 702 ҳазору 906 нафар расид. Бино ба омори охир танҳо шабонарӯзи гузашта дар ИМА 222 900 нафар ба ин вирус гирифтор шуданд

ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Бино ба омори Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинзи Амрико то кунун аз ин беморӣ дар ҷаҳон 1 миллиону 943 ҳазору 432 нафар ҷони худро аз даст доданд, иттилоъ додааст КҲФ-и Тоҷикистон.

Гуфта шудааст, ки дар шабонарӯзи гузашта боз 9 968 нафар фавтиданд. Шумори пурра муолиҷашудагон 64 миллиону 825 ҳазору 048 нафар эълон гардид.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии Ковид дар Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон
Гуд бай, Ковид-19? Дар Хуҷанд се рӯз боз гирифтори "вируси корона" бистарӣ нашудааст

То имрӯз аз ҳама бештар мариз дар Амрико ба қайд гирифта шудааст.  Бино ба омори охир танҳо шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 222 900 нафар ба ин вирус гирифтор шуданд. Аз ин беморӣ зарфи шабонарӯзи гузашта 2 048 нафар ҷон бохтанд. 

Русия дар шохиси кишварҳои гирифтор ба коронавирус дар ҷойи чаҳорум қарор дорад. Дар се ҷойи аввал Амрико, Ҳинд ва Бразилия ҷой гирифтаанд. 

Бояд қайд кард, ки ахиран дар Русия аввалин ҳодисаи мубталоӣ ба гунаи бритониёии коронавирус ба қайд гирифта шуд. Ин нафар ахиран аз Бритониё баргашта буд.

Дар як шабонарӯзи гузашта дар 83 минтақаи Русия 22 851 ҳодисаи нави гирифторӣ ба КОВИД -19 сабт шуд. 11,3 дарсади дардмандон аломат надоштанд. Сироятшудагони бештар дар шаҳрҳои Маскав (4 216), Санкт-Петербург (3 010), вилоятҳои Маскав (1 292), Нижегород (472) ва Воронеж (390) ба қайд гирифта шуданд.

Дар Ҷопон чор ҳодисаи гирифторӣ ба штамми нави коронавирус  COVID-19 сабт шуд. Ин чор нафар рӯзи 6 январ аз Бразилия омада буданд.

Ёдрас мешавем, ки тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз аввали ҳамагирӣ дар кишвар 13 308 нафар чун мубтало ба коронавирус ба қайд гирифта шуданд. Шумори муолиҷашудагон 13 215 нафар ё 99,3% ва фавтидагон 90 нафар эълон шудааст.

Лентаи хабарҳо
0