20:58 17 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
585 0 0

Мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон таъкид доштааст, ки COVID-19 дар фаъолияти як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ навгониҳои соҳавӣ ба вуҷуд омаданд

ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Ахиран дар ҷаласаи корӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар соли 2020, Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъкид доштааст, ки дар соли ҷорӣ новобаста аз мушкилоти ба вуҷуд омада, яъне ҳамагирии коронавирус, дар фаъолияти як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  навгониҳои соҳавӣ ба вуҷуд омаданд.

Вай афзуд, ки махсусан, дар ин давра як қатор муассисаҳои хуштарҳу замонавӣ бунёд ва бо таҷҳизоти навтарин ҷиҳозонида шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд.

Гуфта шудааст, ки дар ҷаласа фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар соли 2020 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

"Махсусан, таваҷҷуҳи хоса ба таъмин намудани беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо табибони баландихтисос зоҳир гардид”, - қайд кардааст вазорати тандурустӣ.

Ҳамзамон зикр шудааст, ки дар анҷоми ҷаласа барои бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ба  роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Барчаспҳо:
камбудӣ, вируси корона, тиббӣ, тандурустӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ