23:06 23 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (934)
129 0 0

Шӯъбаҳои наҷоти беморхонаҳои марказии ноҳияи Варзоб, шаҳри Ҳисор ва Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе аз таъмири куллӣ бароварда шуданд

ДУШАНБЕ, 14 январ - Sputnik.  Як қатор муассисаҳои тандурустие, ки барои табобати гирифторони бемории коронавируси нави COVID-19 ҷудо гардида буданд, пас аз шифо ёфтан ва пурра рухcат шудани шаҳрвандон, аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, инчунин бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардиданд.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, дар доираи ин иқдом бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва Вазорати тандурустӣ, шарикони рушд шӯъбаҳои наҷоти беморхонаҳои марказии ноҳияи Варзоб, шаҳри Ҳисор ва Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе аз таъмири куллӣ бароварда шуданд.

Ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи шӯъбаҳои мазкур вазири тандурустӣ, Ҷамолиддин Абдуллозода аз беморхонаҳои марказии шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Варзоб дидан намуда, бо фаъолияти онҳо шинос шуд.

Ба гуфти масъулин, дар баробари аз таъмири куллӣ баровардан, ҳамзамон шӯъбаҳои наҷоти беморхонаҳои мазкур бо таҷҳизоти муосири тиббӣ низ таъмин гардиданд.

Аз ҷумла ба шӯъбаҳои наҷоти беморхонаҳои мазкур бо дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, дастгоҳҳои кашиши барқии ҷарроҳӣ, монитори назди кати беморон, термосканер, пулмосканер, кати электронӣ, дастгоҳи УЗӢ, дастгоҳи рентгении рақамии сайёр, дастгоҳи ҳавотозакунак, кати функсионалӣ, респиратор, маводҳои муҳофизатӣ ва ғайра дастрас гардонида шуд.

Боздиди вазири тандурустӣ аз беморхонаҳои таъмиргардидаи Ҳисору Варзоб
Боздиди вазири тандурустӣ аз беморхонаҳои таъмиргардидаи Ҳисору Варзоб

Зикр намудан ба маврид аст, ки аллакай шӯъбаҳои мазкур ба фаъолияти муқаррарии корӣ баргашта, дар онҳо баҳри расонидани хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Манбаъ афзуда, ки Ҷамолиддин Абдуллозода ба роҳбарияти беморхонаҳои мазкур бо мақсади  беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (934)
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ