10:30 28 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.68
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (938)
131 0 0

Муддати 9 рӯз мешавад, ки дар Тоҷикистон ягон мавриди гирифторӣ ба маризии коронавирус ба қайд гирифта намешавад

ДУШАНБЕ, 14 январ - Sputnik. Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад, ки шабонарӯзи гузашта низ дар Тоҷикистон ягон ҳолати сироятшавӣ ба вируси COVID - 19 сабт нашудааст.

Ба иттилои манбаъ, аз замони авҷ гирифтани ин беморӣ дар Тоҷикистон 13 308 нафар дардманд гардиданд.

На фавт асту на мариз: омори коронавирус дар Тоҷикистон

Ҳоло бошад, аз ин миқдор гирифторон аллакай 13 218 нафар шифо ёфта, аз дармонгоҳҳо мураххас шуданд. Манбаъ меафзояд, дар Тоҷикистон 99,3 дарсади беморон шифо ёфтаанд.

Аммо бояд гуфт, ки аз аввали хуруҷи ин беморӣ то рӯзи 14 январ, дасти кам 90 мариз ҷони худро аз даст доданд.

Бо вуҷуди он ки чанд рӯз пайдаҳам ягон мавриди сироятшавӣ дар кишвар сабт нашудааст, вале маҳдудиятҳое, ки қаблан ҷорӣ буданд, ҳоло ҳам бекор карда нашудаанд.

Пешбинии вазир: коронавирус то тобистон дар Тоҷикистон нест мешавад

Аз ҷумла, дари масоҷид ҳамоно ба рӯи намозгузорон баста аст. Тӯю маъракаҳои дигари хурсандӣ низ бо ҳузури теъдоди ками меҳмонон баргузор мешаванд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (938)
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустии ҶТ, маризӣ, омор

Мавзӯъҳои асосӣ