08:54 02 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.62
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
152 0 0

Бразилия эълом дошт, ки бинобар пандемияи коронавирусӣ ба истифодаи ваксинаи русии Sputnik V рӯй овардан зарур аст

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Агентии миллии беҳдошти Бразилия аз як ширкати дорусозии маҳаллӣ Uniao Quimica ва Фонди сармоягузории мустақими Русия дар бораи тасдиқи ваксинаи коронавируси Sputnik V барои истифодаи фавқулодда дархост гирифт.

Сухан дар бораи истифодаи 10 миллион вояи доруи Русия меравад, ки эҳтимолан дар семоҳаи аввали соли 2021 дастрас аст.

"Uniao Quimica ва Фонди сармоягузории мустақими Русия дар Anvisa дархости истифодаи муваққатии фавқулоддаи 10 миллион вояи ваксинаи Sputnik V-ро дар Бразилияро ба қайд гирифтанд",- гуфт хадамоти матбуотии ширкат.

Истеҳсолкунандаи дору таъкид кард, ки авҷ гирифтани пандемияи коронавирус дар Бразилия ва дар саросари ҷаҳон аҳамияти истифодаи тамоми кӯшишҳоро барои мубориза бо он нишон медиҳад.

Корбурди чораҳои дорои хусусияти фавқулодда ва истисноӣ муҳим аст, ки мувофики гуфти Униао Квимика зарурати таъчилй пайдо шудааст.

"Спутник V" дар Африқо: чаро боварӣ ба ваксинаи сохти русӣ афзуд? - навор

Тибқи созишномаҳои байни Фонди сармоягузории мустақими Русия ва União Quimica, соли 2021 Русия ба Бразилия 150 миллион воя ваксинаи Sputnik V медиҳад.

"Sputnik V"

Ваксинаи коронавируси Sputnik V-и Русияро Маркази Миллии Эпидемиология ва Микробиологияи Гамалея дар ҳамкорӣ бо Фонди сармоягузории мустақими Русия таҳия кардааст.

Афзалиятҳои ваксинаи Русия бехатарӣ, самаранокӣ ва набудани оқибатҳои манфии дарозмуддат мебошанд.

Bloomberg самаранокии ваксинаи русии "Спутник V" -ро тасдиқ кард

Мувофиқи  натиҷаи ниҳоии таҳқиқоти пас аз бақайдгирӣ, Sputnik V самаранокии 91,4% ва барои ҳолатҳои вазнин 100% нишон дод.

Мавзӯъҳои асосӣ