15:45 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
444 0 0

Имрӯз, дар ҷаласаи навбатии мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо мақсади ҷамъбасти фаъолият дар соли 2020 баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода,  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон зимни ҷаласа иброз намудааст, ки соли 2020 барои кормандони соҳаи тандурустии кишвар соли пурмасъулият ва имтиҳони донишу маҳорат будааст.

“Дар соли сипаригашта бо назардошти пайдоиши бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 масъулияти табибони кишвар дар ҷомеа бамаротиб бештар гардида, дар чунин як давраи душвор онҳо тавонистанд бо истифода аз донишу маҳорати касбӣ дар пешгирӣ ва табобати ин беморӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд”, - қайд кардааст вазир.

Вай афзуд, ки соли 2020 табибони Тоҷикистон аз як имтиҳони бузург дар самти пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси нави COVID-19 гузаштанд.

Вазири тандурустӣ қайд кардааст, ки дар ин давра ҷиҳати вусъат бахшидани чорабиниҳои пешгирикунандаю табобатӣ барои ҳифзи солимии аҳолии кишвар, аз ҷумла дар самти пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси нави COVID-19 аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои давлатӣ  як қатор тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда шуданд.

Сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода зимни суханрониаш иброз доштааст, ки давлат имрӯзҳо соҳаи тандурустӣ дар кишвар дар ҳоли рушд қарор дошта, аллакай дар ин самт як қатор пешравиҳои муҳиму назаррас  ба даст омадаанд.

Таъкид шудааст, ки дар идомаи ҷаласа роҳбарони хадамоти соҳавӣ, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустӣ низ доир ба фаъолияти хеш дар соли 2020 ҳисобот доданд.

Ҳамзамон, дар охири ҷаласа қарори ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ қабул гардида, барои бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда ва дар ин замина беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ба тамоми масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Барчаспҳо:
ҷаласа, ҷамъбаст, вируси корона, тандурустӣ, вазир

Мавзӯъҳои асосӣ