21:27 28 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1327 0 0

Агар аз маризии сироятии коронавирус давоми як сол 1,5 миллион нафар ҷон бохтаст, аз ин беморӣ дар як сол беш аз 20 миллион нафар фавтидааст

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Эпидемияи фарбеҳӣ, ки ҷаҳонро фаро гирифтааст, аз маризии коронавирус мудҳиштару хавфноктар аст, изҳор дошт Александр Мясников пизиш ва ровии телевизион дар барномаи шабакаи "Россия 1".

"Наздики 40 дарсади аҳолии сайёра аз мушкилии вазни барзиёд азият мекашанд, ки оқибати он сактаи қалбу мағзи сар, бемории қанд ва ҳамчунин саратон аст. Дар як соли охир агар аз коронавирус ҳамагӣ 1,5 миллион нафар ҷон бохтааст, аз фарбеҳшавӣ дар ин муддат зиёда аз 20 миллион нафар фавтидааст. Инчунин дар як сол аз гуруснагӣ 10 миллион фавт ба қайд гирифта шудааст", - таъкид намудааст Мясников.

Ба таъкиди ӯ, маҳз одати бади волидон ба фарбеҳшавии минбаъдаи кӯдакони онҳо оварда мерасонад.

"Агар модар сигоркаш бошад, хавфи ба фарбеҳшавӣ гирифтор шудани фарзанди ӯ хеле зиёд аст. Инчунин, агар яке аз волидон фарбеҳ бошанд, пас кӯдакони онҳо низ давоми умрашон ҳатман фарбеҳ мешаванд", - шарҳ додааст ӯ.

Гузашта аз ин, агар модар гирифтори маризии қанд бошад, ин ҳам метавонад ба фарбеҳ шудани фарзандони ӯ таъсиргузор бошад.

Аз сактаи дил то саратон: ноиби вазир теъдоди фарбеҳон ва хатари вазни зиёдро гуфт

Пизишк мегӯяд, омили дигари фарбеҳшавӣ вирусҳои сироятӣ ҳастанд.

Ба таъкиди мутахассиси рус, дар сурати риоя кардани се шарт инсон метавонад худро аз фарбеҳшавӣ эъмин нигоҳ дорад.

  • Якум бояд ғизояшро хуб ҳазм кунад (на камтар аз 30 сония);
  • Шаб набояд хӯрок хӯрд;
  • Ҳатман бояд наҳорӣ кард.
Барчаспҳо:
фарбеҳшавӣ, маризӣ, табиб

Мавзӯъҳои асосӣ