11:27 01 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
95 0 0

Раисҷумҳури Гвинея Алфа Конде аз миёни роҳбарони Африқо нахустин шуда, алайҳи маризии коронавирус эм гирифт

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Конде маҳз ваксинаи сохти русиро интихоб кард, хабар медиҳад Agency France Press. 

Манбаъ меафзояд, дар баробари Конд, намояндагони ҳукумати Гвинея низ "Спутника V" эм шуданд.

Бар хабари Barron"s, Гвинея дасти кам 60 воя "Спутника V" – ро дастрас кардааст ва интизор меравад, нахуст хоҳишмандони бузургсол эм мегиранд.

Чаро ваксинаи сохти русӣ алайҳи COVID - 19 гарон нест? - навор

Бояд зикр намуд, ки рӯзи 17 январ мутахассисони Вазорати беҳдошти Миср низ ба озмоиши клиникии ваксинаи сохти русии "Спутника V" – ро оғоз намуданд.

Ваксинаи "Спутник V"  дар маркази Гамалея таҳия шудааст. Русия аз миёни тамоми кишварҳои дунё аввалин шуда ваксинаи алайҳи коронавирусро омода кард. Он 11 август ба қайд гирифта шуд ва то имрӯз дору аллакай самаранокии баланд ва бехатариро нишон дод.

Барчаспҳо:
президент, эмгузаронӣ, Африқо

Мавзӯъҳои асосӣ