Вазири тандурустӣ шарти лағви ниқобпӯшӣ дар Русияро гуфт

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкМихаил Мурашко
Михаил Мурашко  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Михаил Мурашко, вазири тандурустии Русия, шарти лағви ниқобпӯшӣ дар қаламрави кишварро эълон кард

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Вазири тандурустии Русия зимни нишасти матбуотӣ дар бораи оғози эмгузаронии оммавии шаҳрвандони кишвар изҳор дошт, ки дар сурати пайдо шудани масунияти оммалӣ алайҳи COVID-19 ниқобпӯшӣ метавонад лағв карда шавад.

Кадом ҷаримаҳо паҳнкунандагон-и коронавирусро дар Тоҷикистон таҳдид мекунанд - Sputnik Тоҷикистон
Паҳнсозони COVID–19 дар Тоҷикистон чӣ ҷазо мегиранд?

“Баъди се ҳафтаи эмгузаронии дуюм вақте масунияти бадан ташаккул меёбад, ҳатман бояд ғами атрофиёнро хӯрд, яъне зарур аст, ки ниқобпӯширо идома дод. Ин ҳолат то замоне давом хоҳад кард, ки масунияти оммавӣ пайдо шавад”, - гуфт Мурашко.

Ӯ зарур хонд, ки дар қаламрави кишвар барангезандаи ин беморӣ нест карда шавад.

Вазири тандурустӣ тавзеҳ дод, ки дорандаҳои масуният алайҳи коронавирус дар сурати иртибот бо бемор метавонанд барои як муддати кӯтоҳ барангезандаи ин маризӣ шавад. Онҳо дар чунин сурат барои атрофиён хатар доранд.

Вай илова намуд, ки феълан Русия ба таҳияи пойгоҳи қайди электронӣ барои эмгузаронӣ машғул аст. Бар асоси иттилои аввалия, ин иқдом тариқи сомонаи хизматрасониҳои давлатӣ роҳандозӣ хоҳад шуд.

Маврид ба зикр аст, ки 18 январ дар Русия эмгузаронии оммавӣ алайҳи коронавирус оғоз гардид. Ба хоҳимандон гузарондани ваксинаҳои истеҳсоли Русия -"Спутник V" ва "Эпиваккорона" пешниҳод хоҳад шуд.

Дастури оғози эмгузаронии оммавиро Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дода буд.

Лентаи хабарҳо
0